Дар шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи маъюбон раҳпаймоӣ ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор шуданд

Июль 7, 2018 12:59

ХОРУҒ, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола 8 июл таҷлил мегардад, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Маркази Нур», «Табассум», «Савоб» ва «Маҷрӯҳон» раҳпаймоӣ ва барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ баргузор гардиданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин барномаҳо қариб 150 нафар тарбиятгирандагони то 18-солаи ташкилоти ҷамъиятии «Савоб», 200 нафар кӯдакону наврасон аз  Ташкилоти ҷамъиятии «Маҷрӯҳон» ва зиёда аз сад нафар тарбиятгирандагони ташкилотҳои ҷамъиятии «Табассум» ва «Маркази Нур» бо ҳамроҳии волидону наздикони худ ширкат намуданд.

Директори Маркази кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди  «Нур» Камол Шанбезода гуфт, ки «дар баргузории ин маҳфили зебову диданӣ созмони байналмилалии «Миссияи Шарқ» кумаки арзишманд расонд. Ҳадафи баргузории ин барномаҳо, пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёти одамони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобат, таҳсил ва кор мебошад. Мо бояд коре кунем, ки онҳо худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд.  Теъдоди ин қишри ҷомеа  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 500 нафарро ташкил медиҳад.  Мо ҳамеша таваҷҷуҳи беандоза ва ғамхории беғаразонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба маъюбону пиронсолон ва ятимон эҳсос мекунем ва бо истифода аз аз чунин фурсати муносиб аз номи кулли ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба таълиму тарбияи афроди имконияташон маҳдуд машғул мебошанд ва ҳамчунин аз номи волидони онҳо ба Пешвои миллат изҳори сипос менамоем».

Июль 7, 2018 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд