Дар шаҳри Хоруғ Форуми ҷумҳуриявии «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор гардид

Июль 18, 2018 15:00

ХОРУҒ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 июл  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР, ки иштирокчии форуми мазкур мебошад, аз ҷараёни баргузории он аз шаҳри Хоруғ гузориш медиҳад.

То оғози форум дар назди пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши  «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Ҳамзамон меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ВМКБ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Зимни ифтитоҳи Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшозода, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ  Зебо Ҷумахонзода сухан карданд.

Сипас намояндагони фаъоли ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки дар замони муосир, ки технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон бояд донишҳои муосирро аз бар намуда, барои нигоҳдории сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ хизмат намоянд.

Вобаста ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ махсус ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки ҷавонони саодатманди тоҷик ин ду омили номатлубро маҳкум намуда, барои ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон шабу рӯз заҳмат мекашанд.

Зимнан ин ду мавзӯъ аз зумраи масъалаҳои меҳварие буданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо намояндагони аҳли ҷамоати мамлакат моҳи майи соли равон махсус таъкид карда буданд.

Ҷавонон иброз доштанд, ки «мо зери сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи амалҳои номатлуби замони муосирро маҳкум менамоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории истиқлолияти мамлакатамон саъй менамоем».

Бояд гуфт, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардид.

Дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун- гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, санъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли мамлакат иштирок намуданд.

Иштирокдорони форум аз Боғи ботаникӣ ва чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ дидан намуданд.

Июль 18, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад