Дар шаҳри Хуҷанд портали сармоягузорӣ фаъол мегардад

Июль 16, 2018 15:57

ХУҶАНД, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мақсад дорад, ки баҳри рушди соҳаи иқтисодиёт, инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷуда ва ба ин восита, ҷалби сармоя ва соҳибкорони хориҷиву дохилӣ ба иқтисодиёти шаҳр портали сармоягузории мақомоти шаҳрӣ ташкил намояд.

Айни ҳол мутахассисони соҳа доир ба татбиқи лоиҳаи портали сармоягузории шаҳр кор мебаранд. Дар назар аст, ки ба  наздикӣ ин портал фаъол гардида, иттилооти он оид ба имконияту иқтидорҳои маркази маъмурии Суғд тариқи шабакаҳои интернетӣ дастраси муштариёну сармоягузорон гардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ҳоло дар минтақаи ҷанубу ғарбии шаҳр, дар майдони 320 га ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди иқтисодиёти мамлакат  Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъсис ёфтааст. Ҳоло дар ин мавзеъ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзнок ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст. То 1 июли соли 2018 дар ин минтақа 24 адад субъектҳо ба қайд гирифта шуда, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва неруи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пўст ба маблағи 12,5 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи пойафзол ба маблағи 12,6 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллари амрикоӣ, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллари амрикоӣ фаъолият доранд.

Июль 16, 2018 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад