Дар шаҳри Исфара барномаи муштараки консертии ҳунармандони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид

Июль 26, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд барномаи муштараки консертии ҳунармандони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи фарҳангии мазкур, ки нишон аз дӯстию ҳамбастагии ду мардум аст, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош сухан карда, бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон ёдовар шуданд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, соли 1993 Ҳиндустон аввалин шуда, сафирашро дар Тоҷикистон таъйин намуд. Соли 1994  Сафорати Ҳиндустон  дар пойтахти Тоҷикистон ва баъд аз нуҳ сол, аниқтараш соли 2003  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ ифтитоҳ  гардиданд.

Мусаллам  аст, ки мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём робитаҳои нек ва  муштаракоти анъанавии  таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванд. Даҳҳо нобиғаҳо, олимону файласуфҳо,  шоирон ва мутафаккирони барҷастаи  тоҷикзабон дар сарзамини Ҳинд ба камол расидаю кору эҷод кардаанд. Мероси адабии пурғановати онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор буда, оромгоҳашон имрӯзҳо зиёратгоҳи кулли форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Мирзоабдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ,  Зебуниссо   ва боз даҳҳо нобиғаю мутафаккирони барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар сарзамини шоирпарвари Ҳинд кору зиндагӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз ҳайати меҳмонон аз Осоишгоҳи «Зумрад» ва Намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии сокинони Исфара, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид, боздид намуданд.

Июль 26, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад