Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд ба аҳолӣ ҳақиқати сабукии қонун нисбат ба афроди гумроҳзада фаҳмонида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси роҳбарияти шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо аъзои оилаи нафароне, ки барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, пайвандони ашхоси дар хориҷа ба тадриси ғайрирасмии динӣ машғул буда ва волидайни шахсони дар кофтуков қарордошта аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот сардори шуъбаи мазкур Шуҳрат Раҳимзода, муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, раисони ҷамоатҳо, фаъолон, ходимони дин, масъулини бахши идеологӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии мулоқот ба ҳаёти осоишта баргардонидани афроди гумроҳзада унвон карда шуд. Маърӯзачиён оид ба хавфу хатарҳои экстремизму терроризм сухан гуфта, тарбия намудани фарзандонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ садди устувор бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби сайёра номиданд.
Ба иттилои манбаъ, барои он ки иштирокчиёни мулоқот ҳақиқати сабукии қонунро дар асл бубинанд, дар вохӯрӣ сокини ноҳияи Ашт, қаблан кофтуковшаванда Рафиз Обидҷонов, ки соли 2016 нисбат ба ӯ барои фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ бо моддаи 307, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд ва ӯ соли ҷорӣ бо мусоидати РМЗҶМ ВКД ба Ватан баргашт, иштирок намуд.
Мавсуф дар назди ҳозирин ба сухан баромада, воқеияти озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятиро таъкид намуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






