Дар Суғд бо муҳоҷирони меҳнатии шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳои судманд гузаронида шуданд

Июль 5, 2018 10:41

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи равон  дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои маърифатӣ – иттилоотӣ доир шуданд, ки мавзўи асосиашон пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) буд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, гурӯҳи корӣ тӯли чанд рӯз бо    муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот  намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, новобаста ба он, ки мавзўи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО буд, зимни он чандин масъалаи дигар, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, муқовимат бо экстремизму терроризм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони дохиливу экологӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин радиф ба иштирокчиёни мулоқот моҳияти Созишнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон вобаста ба муҳоҷират фаҳмонида шуд.

Июль 5, 2018 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад