Дар Тоҷикобод мутахассисони силшинос намерасанд

Июль 19, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни амалишавии барномаҳо ва тадбирҳои зиддисилӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ноҳияи Тоҷикобод хабар медиҳад, дирӯз зимни сафари омӯзишӣ  гурӯҳи хабарнигорон бо фаъолияти сохтори КАТС зимни амалисозии Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, табобати амбулатории  беморони сил, шаклҳои ба доруворӣ устувор ва гурӯҳҳои дастгирии бемории сил шинос шуданд.

Ба иттилои директори Маркази зидди бемории сил дар ноҳияи Тоҷикобод Диловаршоҳ Тақдиров, дар шаш моҳи аввали соли равон 21 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 48 фоизро мардон ва 52 фоизро занон ташкил медиҳанд.

«Дарёфти бемории сил дар шаш моҳи аввали соли 2018 дар ноҳияи Тоҷикобод 113 фоизро ташкил дод. Ин аз ҳамкории зичи муттахассисони силшинос бо аҳолӣ дарак медиҳад»,- иброз дошт номбурда.

Тавре  муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоҳир Назризода баён дошт, «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод гирифторони бемории силро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳоло онҳо аз ҳисоби пардохти пули барқ ва андози замин озод карда шудаанд. Дар ҷашну идҳо ба гирифторони ин беморӣ кумак расонида мешавад. Ҳамчунин мутахассисони силшинос аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод пайваста дастгирӣ ёфта,  ҳавасманд гардонида мешаванд. Ба онҳо барои сохтмони хона қитъаи  замин дода мешавад».

Ба гуфтаи Маҳмадтоҳир Назризода, имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод норасоии мутахассисони соҳаи сил ба назар мерасад. Новобаста ба ин ҳолат мутахассисон дар якҷоягӣ бо кумитаҳои маҳаллии тандурустии ҷамоатҳо тамоми кӯшишу ғайратро ба он равона кардаанд, ки ин гуна  беморонро сари вақт дарёфт намуда, ба табобат фаро гиранд.

Июль 19, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад