Дар Вена маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Вена ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи Кумитаи иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо Дабири кулли Созмон Томас Гремингер 17 июл мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо хатару чолишҳои муосир, рушду тавсеаи ҳамкории Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе бо ниҳодҳои дахлдори кишвар дар се ченаки фаъолияти созмон- низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд.
И.Насредин аз котиботи САҲА барои ҳамкории бевосита дар тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 20-22 июни соли 2018) ва аз Дабири кулли САҲА барои ширкати фаъол ва суханронияш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) изҳори миннатдорӣ намуд.
18 июни соли 2018, И. Насредин зимни ширкат дар иҷлосияи Кумитаи иқтисодӣ-муҳитизистии САҲА дар бораи натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», асноди ниҳоӣ ва тавсияҳои Конфронс, инчунин самтҳои умдаи ҳамкорӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ гузориш пешниҳод намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






