Дар вилояти Хатлон даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аввали моҳи июл дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз ёфт.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни фестивали варзишӣ тавассути барномаҳои театрӣ намудҳои миллии варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, камонғӯлак, фалахмонпартоӣ, шоҳмот, ҳойталак, бандкашӣ ва ҳамзамон як қатор намудҳои муосири варзиш, ба мисли футбол, волейбол, таэквондо (ВТФ), муай К-1, шамшербозӣ, гимнастика, бокс, дастхобонӣ ва ғайраҳо муаррифӣ карда шуданд.
Дар рӯзи ифтитоҳи мусобиқа беш аз 3000 нафар, аз ҷумла, 1000 нафар аз ҳисоби кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, собиқадорон, мураббиён, варзишгарон, ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва беш аз 2000 нафар тамошобинон иштирок намуданд.
Дар доираи даври дуюми фестивал мусобиқаҳо аз рўи намудҳои гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга, шоҳмот ва бандкашӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доир карда мешаванд.
Бояд зикр кард, ки беҳтарин варзишгарон ва ғолибони даври дуюм ба даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, роҳхат мегиранд.
Даври ниҳоии фестивали мазкур моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин варзишгарони мамлакат ва ҳаводорони варзиш дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






