ДДМИТ имкон дорад дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии байналмилалӣ мақоми устовор пайдо кунад
ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои асосии донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) табдил додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба гуфти ректор, имсол 40 ҳазору 300 нафар довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳро интихоб намуданд, ки рейтинги он дар байни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар ҷои шашум қарор дорад.
Донишгоҳ барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълим ва корҳои илмиву тадқиқотӣ заминаи мустаҳкам дорад. Айни ҳол дар донишгоҳ 14 нафар докторони илм ва 106 нафар номзадҳои илм фаъолият доранд. Имсол донишгоҳро 58 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм карданд, ки барои донишгоҳ намунаи бесобиқа аст. Донишгоҳ бо ин ҳама дастовардҳо талош дорад, ки дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии байналмилалӣ мақоми хосса дошта бошад.
Барои шомил шудан ба рейтинги байналмилалӣ донишгоҳ тамоми имкониятҳоро дорад. Раёсати донишгоҳ барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, ташкили таҳсили дудиплома ва фосилавӣ саъю кӯшиш менамояд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра ҳамкориро дар самти омода намудани кадрҳо ва мубодилаи таҷриба хуб ба роҳ мондааст.
ДДМИТ на танҳо бозори меҳнати дохилӣ, балки дигар давлатҳоро низ бо кадрҳои соҳаи молия ва иқтисод таъмин мекунад. Айни замон дар донишгоҳ 6 лоиҳаи грантӣ татбиқ гашта истодаанд. Танҳо соли 2018 38 нафар устодони донишгоҳ дар доираи барномаҳои донишгоҳӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз дар донишгоҳ 30 нафар донишҷўёни хориҷӣ дар зинаи бакалавр таҳсил доранд. Донишгоҳ дорои 6 факултет буда, аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






