Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 7 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид
ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даҳаи аввали моҳи марти соли равон ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии давлати ҳамсоя ба роҳ монда шуда, бо беш аз 7 донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии Андиҷон созишномаҳои ҳамкорӣ ба тавсиб расиданд.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои густариши робитаҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида, дар шашмоҳаи аввали соли равон бо 19 муассисаи таълимӣ ва маркази илмии хориҷи кишвар бо бастани созишномаву тафоҳумномаҳо муносиботи ҳамкорӣ барқарор намуд.
Ҳоло донишгоҳ бо 231 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, инчунин узви Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки алҳол дар донишгоҳ 182 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси бакалавр, магистр, аспирант ва докторант ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






