Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба донишгоҳ табдил дода мешавад

Июль 26, 2018 13:36

ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша дорад мақоми худро аз донишкада ба донишгоҳ табдил диҳад. Ин нуктаро имрӯз зимни  нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин маврид бо  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид  доир шуда, корҳои омодагӣ идома доранд ва  моҳи сентябр ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод карда  мешаванд.

Дар мавриди таҳсил ва дараҷаи азхудкунии донишҷӯён ректори донишкада иброз дошт, ки дар донишкада шуъбаи  назорати  сифати таҳсилот мавҷуд аст ва ҳар се моҳ дараҷаи азхудкунии донишҷӯён таҳлил карда мешавад.

Мувофиқи таҳлиле, ки баъди санҷиши нимсола гузаронида шуд, сатҳи азхудкунии донишҷӯён 82%-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи  гузашта 1,2% зиёд мебошад.

Имсол таваҷҷуҳи довталабон ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шудааст.

Донишкада нақша дорад, ки соли таҳсили 2018-2019 ба зинаи бакалавриат 964 нафар донишҷӯёнро  қабул намояд.

Июль 26, 2018 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад