ДОВТАЛАБ-2018: Имсол дохилшавандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон бори аввал эссе навиштанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2018./АМИТ «Ховар»/. 4-уми июл дар ҳамаи нуқтаҳои имтиҳонсупории Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони кластери сеюм бори аввал эссе навиштанд. Навиштани эссе имсол бори аввал аст. Дар мамлакат 47 адад нуқтаи имтиҳонсупории маркази тестӣ фаъолият мекунанд. Имсол ба ин марказ 94950 нафар хатмкунандпагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супориданд. Тафсилоти бештар – дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар.
Шурӯъ аз соли 2018 дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ эссе (кори хаттӣ) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) ҷорӣ карда шудааст. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дар ин замина гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи ворид намудани кори хаттӣ ҳамчун як қисми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ҳанӯз соли 2011 ба миён омада буд. То соли 2013 гуруҳи корӣ зери назари мушовирони байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар давоми солҳои 2012 – 2013 дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон се маротиба озмоиши кори хаттӣ гузаронида шуд. Дар заминаи ҳамин озмоишҳо гурӯҳи корӣ бо мақсади ёрӣ ба омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ «Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)»-ро омода ва нашр намуд. Пас аз он соли 2013 бо мақсади муаррифии ин дастури методӣ ва ёрӣ расонидан ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои тайёр намудани хонандагон ба навиштани кори хаттӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар машварати августии омӯзгорони ҷумҳурӣ иштирок карда, бо онҳо роҷеъ ба тарзи навиштани эссе ва холгузорӣ ба он суҳбат доштанд. Омӯзгорон низ дар суҳбат фаъол буда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар роҳандозии эссе изҳор намуданд. «Вале бо сабабҳои муайян масъалаи ворид намудани кори хаттӣ ба низоми ИМД барои чанд сол қафо партофта шуд»,-гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов.
Ба гуфтаи мавсуф, соли 2015 баъд аз дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои омодагӣ шурӯъ шуданд. Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)»-ро бознигарӣ карда, шакли такмилшудаи онро дар ду китобча бо номҳои «Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)» ва «Тавсияҳо оид ба тафтиши кори хаттӣ (эссе) ва холгузорӣ ба он» ба нашр расонд. Ин тавсияҳо ба хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимие, ки мебоист дар озмоиши хурди кори хаттӣ (эссе) моҳи ноябри соли 2016 иштирок менамуданд, дастрас гардид. Барои санҷиши коршоямии меъёрҳои холгузорӣ ба кори хаттӣ (эссе) 21-22 ноябри соли 2016 озмоиш гузаронида шуд. Дар озмоиш 916 хонандаи синфи 11-и 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Ҳисобот аз натиҷаи озмоиш ба Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар назар аст, ки соли 2018 шумораи довталабон аз 100 ҳазор нафар бештар хоҳад буд. Барои навиштани кори хаттӣ (эссе) 195 дақиқа муайян шудааст. Садҳо нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва рус ҷиҳати тафтиши кори хаттии ин миқдор довталаб ба кор ҷалб карда шудаанд. Омӯзгорон бояд дар давоми 10-12 рӯз кори ҳамаи довталабонро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Маркази миллии тестӣ тафтиш карда, ба он хол гузоранд.
Дар охири китобчаи тест, ки ба дасти довталаб мерасад, варақаи сиёҳнависи кори хаттӣ ҷойгир аст. Дар варақаи сиёҳнавис се мавзӯъ дода шудааст, ки зери ҳар мавзӯъ муқаддимаи кӯтоҳе барои роҳнамоӣ ба мавзӯъ ва кушодани фикри довталаб пешниҳод шудааст. Довталаб як мавзӯъро интихоб намуда, доир ба он дар ҳаҷми 2 саҳифа андешаҳояшро менависад.
Бояд гуфт, ки эссе аз иншо, ки қаблан навишта мешуд, то ҷое фарқ дорад. Иншо дар асоси нақша аз номи шахси сеюм навишта мешуд. Дар навиштани эссе нақшаи кор ҳатмӣ нест ва довталаб метавонад озодона ва аз номи худ мулоҳизаҳояшро нисбат ба ин ё он масъала (мавзуъ) баён намояд.










Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






