ДУНЁИ АФСОНА. Кӯдакону наврасони пойтахт онро дар «Боғи кӯдакон» дармеёбанд

Июль 30, 2018 16:46

ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои истироҳатии  ҳар ҳафта баҳри тафреҳу фароғати  кӯдакону наврасон   дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор менамояд. 

Шоми дирӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» дар боғи мазкур қарор дошт ва шоҳиди шодию нишоти кӯдакону наврасон ва  истироҳати бофароғати  волидайни онҳо гардид.

Ҳанӯз вориди боғ нагардида, садои шавқуни бачаҳои шоду масрур ба гӯш мерасид. Воқеан ҳам чароғҳои рангоранги фурӯзон, арғунчакҳои ҳархелаи замонавӣ, фаввораҳои муосиру ҷолиб, қаҳрамонҳои  машҳури асарҳои бачагона – бузаки ҷингилапо, санҷобу кабк, гургу харгӯш, оҳу ва маймунҳои дар дарахтон овезон барои кӯдакону наврасон ин маконро ба   шаҳри афсонаҳо табдил дода буданд.

Бачаҳои хурдсол аз тамошои фаввораҳои рақсон ва арғунчакбозӣ серӣ надошанд. Дар як гӯшаи боғи мазкур гурӯҳи  наврасон ба баскетболбозӣ ва дар канори дигари он чанд нафари дигар ба тамрини бадан машғул буданд.

Падару модарон ва онҳое, ки кӯдакону наврасонро ҳамроҳӣ мекарданд, болои нишастгоҳҳои рангорангу ҷолиби боғ нишаста, хушҳолии онҳоро назора карда, ин лаҳзаҳои бофароғатро аксу навор мебардоштанд.

Сокини маҳаллаи «Ховарон»-и  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳалима Ганҷалова, ки ҳамроҳи фарзандонаш дар ин боғ истироҳат  дошт, зикр кард,  ки сокинони пойтахт аз ин туҳфаи бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят шоданд.

«Худатон дида истодаед,  ки чӣ қадар  қудакону наврасон  ва падару модарони онҳо  дар ин  макон  шодию хурсандӣ мекунанд. Кас аз  тамошои ин манзараҳои   фараҳбахш  ҳаловат мебарад. Бигузор Тоҷикистони мо ҳамеша орому осуда ва тифлакони мо ҳамин хел  хушҳолу хуштолеъ  бошанд!»,  — афзуд номбурда.

«Аз сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва мулоқоту суҳбатҳои Пешвои миллат бо мардум аён аст, ки  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   кӯдаконро бениҳоят дӯст медоранд. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеи мамлакат сохтани «Боғи кӯдакон»  боз ҳам нишонаи муҳаббати беандозаи Президенти мо ба хурдсолон аст. Пешвои миллат бо ин иқдоми наҷибашон собит сохтанд, ки «Аз ҳазорон  Каъба як дил беҳтар аст», —  иброз дошт сокини маҳаллаи Кӯҳдомани ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  Саидакбар Саидмаъруфов.

Ёдовар мешавем, ки 3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи кӯдакон» дар масоҳати қариб 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудаанд.

Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шуда, дар он  120 адад курсии гуногуншакл насб шудаанд. Барои равшаннамоии боғ чароғакҳои равшанидиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия, 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар як гӯшаи боғ мизи шоҳмот  сохта шудааст, ки   дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозааш  15,6 метр ва бараш 13,2 метр мебошад.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2018 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд