«Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» нашр гардид

Июль 28, 2018 09:33

ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» -таҳти чунин унвон бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов ба табъ расид.

Китоб ба таҳлили таърихи сарварӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, нахустин Президенти Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дар сарварӣ ва рушди давлатдории навини миллии тоҷикон нигаронида шудааст.

Дар рисола таърихи ниҳоди сарварӣ, натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлӯи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ инъикос карда шудаанд.

Дар сарсухани  китоб омадааст, ки «дар ташаккул ва рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ба ҳайси сарвари сиёсӣ ва ё пешво зиндагӣ карда, фаъолияти онҳо ба таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории миллии навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳоест, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихии навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардааст.

Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария амалия ва қонунгузорӣ» аз  ду боб иборат буда, аз мавзӯъҳои «Мафҳум ва моҳияти сарварӣ дар тафаккури илмӣ», «Таърихи ташаккул ва инкишофи сарварӣ», «Масъалаи сарварӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон», «Президент ҳамчун Сарвари давлат», «Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлати миллии навини тоҷикон», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари ҳокимияти иҷроия», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон» ва «Эмомалӣ Раҳмон- Пешвои миллат» дар бар мегирад.

Аз рисолаи мазкур доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи илм, хизматчиёни давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба масоили илмӣ ва фаъолияти идораи давлатӣ рағбат доранд, баҳраманд шуда метавонанд.

Июль 28, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд