ФАРХУНДАТАРИН ҶАШН МУБОРАК, ТОҶИКИСТОН! Аввалин эстакадаи сесатҳа-туҳфа ба ҷашни 27-солагии Истиқлолият!

Июль 9, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моҳи   сентябри   соли равон  аввалин  эстакадаи сесатҳа дар Тоҷикистон,  ки  дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бунёд ёфтааст,   мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Тавре аз Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи сохтмони ин эстакада  дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ  гардида, паймонкори  он  Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян-Бейсин»–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Тарҳи мазкур   дар доираи  татбиқи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода», қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 13 апрели соли равон ба маҳаллаи 82-юми пойтахт ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур пурра ба итмом расида, алҳол  мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф  дар арафаи анҷом қарор   доранд.

Бояд зикр кард, ки   бунёди  чорсӯи нави  3-сатҳа  имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамониат ба роҳ монда шавад.  Дар сатҳи дуюми чорроҳаи мазкур роҳи давродаврӣ бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру таҷҳизи онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки  ҳалқароҳи сесатҳаи  навбатӣ  дар чорроҳаи  буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Абуалӣ Сино   бунёд мешавад, ки корҳои сохтмонии он  аллакай шурӯъ гардидаанд.

Тибқи иттилои масъулин, то соли 2025  10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе  ҳамагӣ 20 адад  чунин чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.

Июль 9, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад