Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад
ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун: гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, саъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли кишвар ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи Форум ҷавонон аз мавзеъҳои таърихию мадании шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дидан менамоянд. Инчунин баргузории аксияҳои гуногуни тарғиботӣ — ташвиқотӣ, аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд ва барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






