Фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад

Июль 16, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати  мутобиқат сурат мегирад. Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода бо дахл ба масъалаи мазкур 16 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин тасмим дар асоси моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  алоқаи барқӣ» гирифта шудааст.

Мавсуф афзуд, Хадамоти алоқа дар асоси иҷозати Агентии «Тоҷикстандарт» сифати телефонҳои мобилиро аз назар мегузаронад ва баъдан ба он сертификати мутобиқат медиҳад.

Яъне, минбаъд фурӯшандагони дӯконҳо, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд, аз Хадамоти алоқаи мамлакат барои ба фурӯш гузоштани телефонҳои мобилӣ бояд сертификати мутобиқат гиранд.

Гуфта шуд, ки тасмими мазкур бо мақсади  таъмини амнияти давлат, саломатии муштариён, ҷилавгирӣ аз воридоти телефонҳои мобилии пастсифат ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар система ва бозори алоқаи мобилии мамлакат гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Адолат Абдураҳмонзода, алҳол дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон теъдоди  муштариёни алоқаи мобилӣ  ба 6,2 миллион нафар мерасад, ки аз он 4,4 миллионашро муштариёни фаъол ташкил медиҳанд.

Шумораи муштариёни алоқаи маҳаллӣ беш аз 355 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин омор зиёда аз 130 ҳазори  он фаъоланд.

Теъдоди истифодабарандагони интернет ва истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,5 миллион муштариро фаро мегирад.

Июль 16, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст