Фуруди изтирории ҳавопаймои Boeing 737-300 -и ширкати «Тоҷик Эйр» дар фурудгоҳи Домодедово
ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои Boeing 737-300 марбут ба ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки субҳи 2 июл дар хастсайри Москва-Хуҷанд парвоз мекард, дучори мушкили техникӣ гардида, беосеб дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва фаромад.
Аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тамоми мусофирони ҳавопаймо дар меҳмонхонаҳо ҷой карда шуда, бо хӯрок таъмин гардидаанд. Бинобар иттилои сарчашма, алҳол муҳандисон ҳавопайморо муоина намуда, баъди анҷоми ташхис ҳавопаймои Boeing 737-300 аз Москва ба Хуҷанд парвоз менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






