ГУЛИСТОНИ ВОҚЕӢ. Аз оғози сол беш аз 1700 нафар сайёҳи хориҷӣ аз соҳили «Баҳри тоҷик» дидан намуданд
ГУЛИСТОН, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз соҳаҳое, ки дар шаҳри барқчиёни вилояти Суғд- Гулистон, воқеъ дар соҳили «Баҳри тоҷик» тӯли солҳои охир рӯ ба рушд ниҳодааст, туризм ба ҳисоб меравад. Танҳо даромади маблағ аз ташрифи сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони дохилӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки аз он 2 миллиону 484,4 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, имрӯзҳо вобаста ба эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Гулистон ва истироҳатгоҳҳои он дар лаби «Баҳри тоҷик» тамоми имкониятҳо барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудаанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки теъдоди меҳмонони ташрифоваранда барои истироҳату табобат ба ин шаҳри сайёҳии тоҷик, ки воқеан зебову мисли гул шукуфон аст, рӯз то рӯз меафзояд.
Танҳо давоми шаш моҳи аввали соли равон ба минтақаҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобативу муолиҷавии шаҳри Гулистон 1782 нафар меҳмони хориҷӣ ва 9333 истироҳаткунандагони дохилӣ ташриф оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта зиёд мебошад. Дар ин радиф бояд гуфт, ки давоми соли 2017 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳри Гулистон расман 30 ҳазору 723 нафар меҳмонон ташриф оварданд, ки аз онҳо 3823 нафар хориҷӣ мебошанд.
Имрӯзҳо осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин», ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» ҷойгиранд, дар як вақт имкони қабули беш аз ҳазор нафар истироҳаткунандаву табобатгирандаро доранд.
Ҳамзамон чор меҳмонхонаи замонавии ин минтақа дар як вақт метавонанд қариб сад нафар меҳмонро қабул кунанд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






