Хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадӣ барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сина сипар мекунанд

Июль 5, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз маросими супурдани дипломҳо ба зиёда аз 120 нафар хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ  Муҳаммад Улуғхоҷаев иттлоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими супоридани дипломҳо роҳбарияти КДАМ ҶТ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, устодону омӯзгорони Донишкадаи олии сарҳадӣ ва падару модарони афсарони ҷавон иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад ба 120 нафар хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадӣ дар баробари диплом аввалин рутбаи ҳарбии афсарӣ – лейтенант дода шуд. Пас аз ин хатмкунандагони Донишкада баҳри дифои сарҳади давлатӣ ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фиристода мешаванд.

«Курсантони Донишкадаи олии сарҳадӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодаанд баҳри ҳифз ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сина сипар намуда, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатии кишвари хешро пос доранд»,-зикр намуд М. Улуғхоҷаев.

Июль 5, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд