Холмурод Раҳмон: «Сари вақт пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ боиси афзудани қарзҳои кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст»
ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гарчи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо уҳдадориашонро оид ба обрасонӣ иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва пурра пардохт карда намешавад. Бо ин сабаб бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ соли равон 7,66 млн.сомонӣ ва бо назардошти солҳои пеш 112,2 млн. сомониро ташкил менамояд.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба намояндагони ВАО изҳор намуд.
«Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта оид ба маблағгузории соҳа шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳии ҳосили соли 2018 омода карда шуда, аз оғози моҳи март тариқи шабакаҳои худҷорӣ пурра ва тибқи дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ заминҳои кишоварзиро бо об таъмин карда истодаанд»,-гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 47 082 нафар истифодабарандаи об дар майдони 551 651 гектар шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида, ба онҳо дар асоси дархосташон дар ҳаҷми 1943,5 млн. м3, (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2,0 млн.м3 зиёд) бо арзиши 34,75 млн. сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,99 млн. сомонӣ зиёд) об расониданд.
Аз ҷониби истифодабарандагони об ба маблағи 25,65 млн. сомонӣ ё 74 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,2 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади рўёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 23,58 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз онҳо ба маблағи 4,08 млн.сомонӣ ҷарима рўёнида шуда, боқимонда 19,49 млн.сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.
Директори Агентӣ инчунин зикр кард, ки «бо сабаби пурра ва сари вақт аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагони об пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои дебиторӣ 129,1 млн.сомониро ташкил намудаанд. Ин дар навбати худ боиси афзоиш ёфтани қарзҳои кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ, сари вақт напардохтани қарзи неруи барқ, пардохти суғуртаҳои иҷтимоӣ, андозҳо ва музди меҳнати коргарон гардидааст».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






