Хонандагони мактаби рақами чоруми ноҳияи Ванҷ соли нави таҳсилро дар бинои нав истиқбол мегиранд

Июль 13, 2018 15:35

ХОРУҒ, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами чоруми ноҳияи Ванҷ ҳангоми ба таътили тобистона рафтан бо бинои кӯҳнаи мактаби худ хайру хуш карданд. Зеро соли нави таҳсилро онҳо дар бинои нави сеошёна, ки барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст, истиқбол мегиранд.

Бинои нави таълимгоҳ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Муҳандиси Ҷамияти масъулияташ маҳдуди «Ҷовид» Назаралӣ Хабиров гуфт, ки «хишти аввали ин бино соли 2016 дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда,  пас аз як моҳ он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои бунёди бино ва таъмини он бо воситаҳои муосири таълимӣ 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Бинои нав аз 24 синфхона, 4 кабинети фаннӣ, ду озмоишгоҳ- яке барои фанни химия ва дигар аз фанни физика, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ, ошхона иборат аст».

Директори ин муассисаи таълимӣ Саломат Шарифов ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки «дару девори долону толор бо нақшу нигори миллӣ чунон зебо оро ёфтаанд, ки сокинони ноҳия ҳатто аз деҳоти дурдаст омада, баъди тамошои ин ҳаккокиҳо ба ҳунари дасти ҳунармандон аҳсан мехонанд. Дар ин ҷо ҳамаи намудҳои ҳунарҳои дастии сокинони манотиқи мухталифи кишварро дидан мумкин аст. Мо кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз чунин шароити хубу мусоид сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам баландтар бардорем».

Июль 13, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд