Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика- «IMC-2018» сазовори 15 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика- «IMC-2018», ки аз 1 то 6-уми июл дар шаҳри Бургаси Ҷумҳурии Булғория баргузор гардид, ба ватан баргаштанд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар олимпиадаи мазкур 612 нафар хонанда аз 35 давлати дунё ширкат намуданд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 даста (24 нафар) муаррифӣ намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 15 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон 1 даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал, 1 даста сазовори мақоми дуюм ва 1 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм гардида, шараф ва Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 196 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра, 78 медали биринҷӣ гардиданд.
Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 медал (33 медали тилло, 36 медали нуқра, 34 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






