Хуҷанд: беш аз 45 ҳазор нафар аз «Қалъаи Хуҷанд» боздид намуданд

Июль 30, 2018 09:14

ХУҶАНД, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  31 июл дар шаҳри Хуҷанд автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия, ки чанде пеш ворид карда шуда буданд, ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода зикр кард, ки ин автобусҳо дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардида, дар маҷмӯъ 100 адад автобус бояд ворид гардад.

Зикр гардид, ки чанде пеш  25 автобус ворид карда шуда, 75 адади дигараш то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ тариқи роҳи оҳан ба Хуҷанд оварда мешавад. Автобусҳои воридкардашуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳаҷми ғунҷоиши он 70 мусофирро дорад.

Ҳамзамон дар робита ба мушкилоти таъминоти аҳолии маҳаллаҳои навбунёд бо хатти барқ ва оби нушокӣ гуфта шуд, ки то охири соли оянда ин маҳаллаҳо низ бо оби сойи мавзеи чашмаи Деҳмой ва хаттӣ барқ таъмин мегарданд.

Вобаста ба масъалаи бунёди коргоҳҳои наву сохтмонии иншооти иҷтимоиву рафти корҳои ободонӣ зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар қаламрави шаҳри Хуҷанд 7 коргоҳи нави истеҳсолӣ, 12 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва 6 иншооти варзишӣ бунёд гардида, зиёда аз 17 км роҳҳо низ асфалтпӯш карда шудаанд.

Дар самти робитаҳои фарҳангӣ бошад, имрӯз шаҳри Хуҷанд бо 9 шаҳри ИДМ ва хориҷи дур ҳамкории бародаршаҳрӣ дошта, бо 38 мамолики хориҷӣ ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 156,0 млн. доллари америкоӣ расидааст. Дар ин давра дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр дар ҳаҷми умумии 13,5 млн. доллари америкоӣ сармоягузорӣ ҷалб гардидааст.

Доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ М. Муҳаммадзода зикр намуд, ки дар ин самт низ чораҳои амалӣ андешида шуда истода, имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд барои қабули меҳмонон 5 ширкати сайёҳӣ, 13 меҳмонхона, 3 хатсайри дохилии сайёҳӣ, 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат таъсис дода шуда, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» 45 682 нафар боздид намудаанд, ки аз ин шумора 1236 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Июль 30, 2018 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад