Ихтисосҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида мешаванд

Июль 27, 2018 13:05

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориш ва ҳидоятҳои мухсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтисосҳои  мавҷудаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит бозбинӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида мешаванд. Дар ин бора Ректори Донишкадаи мазкур Тоҷиддин Асомиддинзода имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тоҷиддин Асомиддинзода  дар нишаст зикр кард, ки «ҳар сол нақшаҳои таълимӣ бознигарӣ шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Яъне онҳо ба меъёрҳои замонавӣ ва байналмилалии таълим мутобиқ карда мешаванд».

Таъкид гардид, ки дар ин муассисаи таълимии динии мамлакат устодони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд, ки теъдоди унвондорони онҳо сол то сол ба маротиб меафзояд. Ин устодон ба донишҷӯён фарҳанги дурусти диндориро омӯзонида, бо далелҳои саҳеҳ ба онҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашонро шарҳ медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 30 майи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Ба иттилои Тоҷиддин Асомиддинзода, бинои нави Донишкада тавре бунёд мешавад, ки дар он тамоми шароити лозима барои таҳсил муҳайё мегардад. Бинои нави Донишкадаи мазкур дар шафати «Масҷиди калон» бунёд гардида, охирҳои соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.

Июль 27, 2018 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд