Ҷилди аввали осори пурраи Садриддин Айнӣ ба нашр расид

Июль 9, 2018 16:02

ДУШАНБЕ, 09.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар мамлакат як зумра чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд, ки яке аз онҳо моҳи апрел таҷлил намудани 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ мебошад.

Дар робита ба ин Хона – музейи Садриддин Айнӣ аз нав таъмиру навсозӣ шуд. Пас аз он Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббус гирифт, ки осори пурраи Садриддин Айниро, ки ба он инчунин осори начандон маълуми устод, аз қабили осори публитсистие, ки дар он солҳо паҳну парешон гаштаву пурра гирдоварӣ нашуда буданд, ҷамъоварӣ ва аз нав ба нашр расонад. Ҳамин тавр, осори пурраи Садриддин Айнӣ рӯи чоп омад, ки дар маҷмӯъ он 26 ададро ташкил медиҳад.

Ҷилди аввал ашъори пеш аз инқилобии дар услуби классикӣ эҷодшударо дар бар гирифта, дар варақҳое ба нашр расидааст, ки он замон мавриди истифода қарор доштанд.

Китобро фонди адабии Садриддин Айнӣ ба табъ расонидааст.

 

Мансур СУРУШ,
Шореҳи адабии
АМИТ «Ховар»  

Июль 9, 2018 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд