Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад

Июль 7, 2018 09:52

ХУҶАНД, 07.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси хайрхоҳонаи  Пешвои миллат ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон  таҷлил карда мешавад.  

Ба ин муносибаи имрӯз, 7 июл, дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии  вилояти Суғд, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон бахшида ба ин сана дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш 300 нафар маъюбону пиронсолон, намояндагон аз бахшҳои ҷамъиятҳои шаҳру ноҳиявӣ ва Иттиҳодияи миллии маъюбони ҷумҳурӣ барномаи идонаи вилоятӣ доир мегардад.

Бино ба гузориши   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳамчунин дар доираи таҷлили Рӯзи маъюбон  ҷиҳати бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ниёзманди ҷомеа дар ҳамаи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ гузаронидани муоинаи тиббии ройгон барои маъюбон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, аёдат намудани шахсони имконияташон маҳдуд ва баргузории хатнатӯи кӯдакони маъюб ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин рӯз ба маъюбон кумакҳои моддӣ ва молиявӣ низ расонида мешаванд.

Ҳоло дар миқёси вилояти Суғд 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1800 нафар будубоши доимӣ доранд.

Дар маҷмӯъ, имрӯз дар вилояти Суғд беш аз 47 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо беш аз 4000 нафарашон маъюбони гурӯҳи 1 ва беш аз 7000 нафар кӯдакони маъюби то 18- сола мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи маъюбони мамлакат зери ғамхории пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар арафаи ҷашну идҳо аёдат карда мешаванд.

                                                                      Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
                                                                      хабарнигори минтақавии
                                                                                АМИТ “Ховар”

Июль 7, 2018 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд