«ИМРӮЗ NEWS» ДАР БОРАИ «ҶОНИ ВАТАН»: Ин сурудест, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдат «аз номи тамоми миллати тоҷик сароида шуд»
ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ӯ ҷони миллат аст…»-суруде, ки аз номи тамоми миллати тоҷик сароида шуд. Таҳти ин унвон дар шумораи навбатии рӯзномаи «Имрӯз News» (чоршанбе, 4 июли соли 2018 №105) матлабе нашр шуд, ки писанди хонандагони сершумор гардид.
Матлаби мазкур ба қалами Довуд Исматӣ («Имрӯз News») тааллуқ дошта, муаллиф дар он дар бораи суруде навиштааст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ сароида шуд ва ба қавли ӯ «ғулғулае ба по кард».
Зимнан, соли равон тантанаҳои 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузор гардиданд. Дар ин рӯзҳо Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят як зумра иншооти муҳими таърихӣ ва ҷашниро мавриди истифода қарор доданд. Инчунин дар ин арафа дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ консерту барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Дар идомаи матлаб омадааст, ки «шояд хеле кам афрод интизор доштанд, ки дар таҷлили ин ҷашн дар шаҳри Истаравшан маҳз ҳамин суруд муаррифи воқеии ваҳдату ҳамдилии мардуми Тоҷикистон мегардад».
Муаллифи шеъри «Ҷони ватан», ки дар ин матлаб дар борааш нақл шудааст, шоири хушбаён Давлат Сафар буда, онро Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов сурудааст. «Яке аз камтарин сурудҳоест, ки бидуни ҳеҷ таблиғу такрор ба такрор пахш шудан маҳбубияти хосса пайдо кард. Ва ин воқеияти замон асту қобили эътироф»,- гуфта мешавад дар матлаб.
Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,
Сад биёбонро гулистон кардааст.
Сарзамини пора-порагаштаро
Ҷамъ карда, Тоҷикистон кардааст.
Чунин аст оғози суруди мазкур, ки ба назари муаллифи матлаб «мухтасари таърихи воқеии ба Ваҳдат ва ҳамдилӣ расидани миллати тоҷик аст, ки дар саргаҳи он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истодааст».
Сароянда Ҷамшед Исмоилов ба «Имрӯз News» гуфтааст: «Чун матн хуб аст, аз аввал эътимодам ин шуд, ки писанди ҳамагон мешавад. Аммо бояд ман онро тарзе сароям, ки ҳам навоварӣ дошта бошаду ҳам дар фосилаи кӯтоҳ таърихи расидан ба Ваҳдат ва баъди онро инъикос кунад».








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






