Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 9 млрд. 517,9 млн. кВт соат неруи барқ бо дарназардошти неругоҳҳои хурд истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 351,5 млн. кВт соат зиёд мебошад.
Усмоналӣ Усмонзода инчунин иброз намуд, ки вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” дар Вазорат нақшаи дохилисоҳавӣ тасдиқ ва ба тасвиб расонида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳои омодагӣ дар иншооти энергетикӣ Ситоди фаврӣ таъсис дода шуд.
“Ситоди фаврӣ ҳар моҳ ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳавиро оид ба омодагӣ ба мавсим мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, иҷрои чорабиниҳои нақшавиро таъмин менамояд. Ҷараёни иҷрои бандҳои дахлдори қарори мазкур таҳти назорати доимии Вазорат қарор дошта, корҳои пайвастшавӣ ва тармимӣ дар биноҳо ва дохили биноҳои шаҳракҳо айни замон идома доранд”,-афзуд У.Усмонзода.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






