ИСТИРОҲАТИ БОФАРОҒАТ ДАР «ЧАНГОБ». Кӯдакони шунавоияшон сусти Мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ ва Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун таътили худро дар ин макон хуш гузарониданд

Июль 19, 2018 16:56

ҲИСОР, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», воқеъ дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби маблағгузории Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои даври сеюм қабул менамояд.

Тибқи иттилои сармураббии  истироҳатгоҳи «Чангоб» Гулмаҳмад Назарзода, дар ду даври аввал 564 нафар кӯдакону наврасон истироҳати бофароғат намуданд, ки аз онҳо 41 нафар кӯдакони шунавоияшон сусти  Мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ,  30 нафар тарбиягирандагони  Хонаи бачаҳои  шаҳри Роғун, 130 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 118 нафар аз вилояти Хатлон буданд.  Ба андешаи масъулин, дар ин макон дар мадди аввал кӯдакону наврасони нимятим, ятими кулл, маъюб, хонандагони болаёқат ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки аз замони Шӯравӣ  боқӣ мондааст, бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад.

Гулмаҳмад Назарзода иброз намуд, ки дар истироҳатгоҳ   омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият мекунанд. Инчунин аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор донишҷӯён барои   таҷрибаомӯзӣ роҳхат гирифта, дар якҷоягӣ бо мураббияҳои ботаҷриба аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ  кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Кӯдакону наврасон  дар як баст 14 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 600 сомонӣ ҷудо мегардад. Онҳо бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Истироҳатгоҳи мазкур бо назардошти имкониятҳои мавҷуда  метавонад  дар басти сеюм  то 210 нафар кӯдакону наврасонро қабул намояд.

Июль 19, 2018 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад