Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ: «Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад»

Июль 16, 2018 16:30

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сабаби болоравии нархи тарбуз дар бозорҳои кишвар ин аст, ки ҳосили якуми он аллакай ба итмом расидааст ва баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм нархи он ба меъёри пешина бармегардад. Ин матлабро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд.

Зимни нишасти мазкур инчунин зикр гардид, ки парандапарварони ҷумҳурӣ ҷиҳати  афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварӣ талош доранд.

Дар ин давра барои таъмини соҳаи парандапарварӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 840 ҳазор дона тухми нутфадор, 712 ҳазор сар чўҷаи якрўза, 22346 тонна хўроки паранда ва барои ба роҳ мондани павариши мурғи гӯштӣ таҷҳизот барои афзун намудани истеҳсоли гӯшти паранда ворид карда шуд.

Зикр гардид, ки соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ меёбад. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рўи маълумоти оморӣ, то 1 июли соли 2018 истеҳсоли он ба 397 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна зиёд мебошад.

Июль 16, 2018 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид