КӮДАКОН МЕВАИ ШИРИНИ УМРИ ИНСОНАНД: дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, имрӯз, 3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бегоҳии ҳамин рӯз дар амфитеатри боғи мазкур, ки дорои 500 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки насли наврасу хушбахти даврони истиқлол ва сарояндагони маҳбуби онҳо барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.
Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки пас аз ба истифода додани «Боғи кӯдакон», ки дар доираи ташаббуси бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳазорон нафар насли навраси пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар фазои сулҳу оромиши Ватан ва имкониятҳои дар ин боғ фароҳамовардашуда истироҳату фароғат ва шодию хурсандӣ мекарданд. Кӯдакон аз он хушҳол буданд, ки дар шаҳри азизамон бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як боғи нав ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки «Боғи кӯдакон» дар масоҳати қариб 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудаанд.
Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудаанд. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудаанд.
Ғайр аз ин вақте ки кас шабона вориди боғ мешавад, ҳаловати тозае хоҳад гирифт, зеро барои равшаннамоии боғ чароғакҳои равшанидиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия, 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ифтитоҳи «Боғи кӯдакон» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди он шинос шуданд. Сарвари давлат ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани ин боғ талош варзанд.













Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






