Кӯли Сарез зери назорати доимӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кӯли Сарез зери назорати шабонарӯзии мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ қарор дошта, барои таъмини бехатарӣ дар ин кӯл дастгоҳи огоҳкунӣ насб карда шудааст.
Дар ин бора 27-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Муҳаммадҷон Салимзода иттилоъ дод.
«Сатҳи оби кӯли Сарез 3260 метрро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 3 метр пасттар аст. Сабаби пас шудани сатҳи оби кӯл боришоти кам дар ин минтақа аст. Ҳарорати об шабона 11 дараҷа ва рӯзона 12 дараҷаро ташкил медиҳад»,-иброз намуд Муҳаммадҷон Салимзода.
Иттилое, ки дар расонаҳо дар бораи коркарди оби кӯли Сарез паҳн шудаст, аз ҷониби Муҳаммадҷон Салимзода инкор карда шуда, таъкид гардид, ки он асоси воқеӣ надорад ва Кумитаи мазкур барои коркарди оби ин кӯл ягон хел ҳуҷҷати расмӣ бо ширкату корхонаҳои хориҷӣ имзо накардааст: «Танҳо дар асоси созишномае, ки мо бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо намудем, намояндагон ва мутахассисони ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва аз кӯли Сарез дидан менамоянд».








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






