Кормандони БДА дар муносибат бо сайёҳон ба хушмуомилагӣ ва рафтори намунавӣ даъват шуданд

Июль 3, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бахшида ба Рӯзи касбии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Раёсати ВКД дар вилоят Мансур Бухоризода ҳамаи кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилиро бо иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки «Бозрасии давлатии автомилӣ яке аз самтҳои асосии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кормандони он бояд ба савганди худ содиқ ва дар кори ҳаррӯзаашон фаъол буда, дар таъмини низом ва бехатарӣ дар самти ҳаракати нақлиёт аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон диҳанд».

Бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  теъдоди зиёди сайёҳон меоянд. Дар робита ба ин Мансур Бухоризода ба кормандони шуъбаи БДА РВКД дар вилоят барои ба роҳ мондани фаъолияти дуруст, хушмуомилагӣ, рафтору кирдори намунавӣ, пӯшидани либоси низомӣ тавсияҳои зарурӣ дода, минбаъд ҳам барои пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон ва пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмину тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандон бо Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Июль 3, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад