Кормандони милитсия дар Душанбе занеро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми иҷрои вазифа зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзобро, ки қасди худкушӣ дошт, аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур хабар доданд, шаби 9 июли соли равон, тақрибан соати 01:15, зани 33-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, ки соҳиби се фарзанд мебошад, бо мақсади худкушӣ аз болои пули кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофт.
Дар ин вақт дар кӯчаи мазкур корманди Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сержанти милитсия Далерҷон Неъматуллоев бо ду нафар сарбозони қисми низомии №5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Саъдӣ Мирзошоев ва Насим Шерхонов пайи адои вазифаҳои хизматӣ қарор доштанд. Онҳо бо дидани ҳолати ғарқшавӣ дарҳол занро наҷот доданд.
Ин кормандони милитсия бо далерию шуҷоатмандӣ тавонистанд як нафар модарро аз худкушӣ наҷот дода, ба ӯ ҳаёти дубора бахшанд.
Корнамоии ин корманди милитсия ва сарбозон барои ҳамагон дарси ибрат ва мояи ифтихор мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






