Кумитаи бехатарии озуқаворӣ корҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати тозагию беҳдошти аҳолӣ тақвият мебахшад

Июль 17, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони  озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии  озуқавории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ  беш аз 470 ташхис гузаронида  шуда, қариб 7 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ,  1 ҳазору 963 литр маҳсулоти ширӣ,   беш аз 57 ҳазор дона тухми паранда, зиёда аз 26 ҳазор кг меваю сабзавот, 65 кг моҳӣ, 815 кг маҳсулоти намакин, 315 литр равғани растанӣ ва 26 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода 17 июл  дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон доир ба фаъолияти ин мақомоти навтаъсис гузориш дода, гуфт, ки  бо мақсади  муайян намудани  ҳолати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии  озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи 33 корхонаҳои  истеҳсолии  кишварҳои хориҷӣ гузаронида шуд.

Зимни он қариб ба 500 нафар соҳибкорони ватанӣ  барои ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид намудани  борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта  иҷозатномаҳои дахлдор дода шуданд. Инчунин дар ин давра  бо мақсади пешгирии воридоти  маҳсулоти пастсифат  дар гузаргоҳи сарҳадии  «Панҷи Поён» беш аз 42 тонна  моҳии яхшуда ва зиёда аз 131 тонна маҳсулоти гӯшти паранда, ки бидуни иҷозатнома ворид гардида буданд, боздошт ва пас гардонида шуданд.

Ҳамзамон Фарҳод Камолзода афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати тозагию  беҳдошти аҳолии мамлакат аз ҳисоби мутахассисони  Кумита  гурӯҳҳои корӣ  бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати   давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ созмон дода шудаанд.

Гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар байни аҳолӣ  беш аз се ҳазор суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар онҳо роҳҳои пешгирӣ ва мубориза  бо бемориҳои сироятӣ баррасӣ карда шуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда корҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдошти  аҳолии кишвар тақвият мебахшад.

Бояд тазаккур дод, ки  Кумитаи бехатарии   озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 дар заминаи  чор мақомоти давлатӣ –Хадамоти  назорати давлатии байторӣ, Хадамоти  назорати давлатии  фитосанитарӣ ва  карантини растанӣ, Хадамоти  назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии   назорати  давлатии тухмии Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Самти фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таъмини бехатарии  озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи  манфиатҳои миллӣ ва  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  нигаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2017 дар ҳолест, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Июль 17, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст