Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 30, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 31 июли соли равон оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи илмҳо ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи илмҳо соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 10 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи корхонаи мазкур мулоқот мекунанд.

Нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал соати 11 дар маҷлисгоҳи бинои Агентии хоҷагии ҷангал баргузор мешавад.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш соати 16 дар толори ММҶ «Ховар» бо намояндагони ВАО мулоқот мекунад.

Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 30, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад