Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод озмун эълон кард

Июль 19, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии ҷавонони  соҳибистеъдод барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологияҳои иттилоотӣ) барои соли 2018 озмун эълон кард.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар озмун адибону рӯзноманигорон, рассомону оҳангсозон, меъморону коргардонҳо  ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, иштирок карда метавонанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷоиза аз рӯи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад: адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор), рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад), барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла, дар соҳаи ҷавонон), санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандӣ, расмҳои дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра), меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад).

Ҷоизаи мазкур  ба панҷ соҳа равона гардида, маблағи умумии он 28000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин ба шахсоне, ки сазовори Ҷоиза мегарданд, диплом ва нишони фахрӣ супорида мешавад.

Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20 сентябри соли 2018 қабул карда мешаванд.

Июль 19, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад