Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2018 -2019 озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон озмуни стипендияи Президентӣ барои соли хониши 2018 — 2019 баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия ва шаҳр гирифтаашонро, ки давоми ду соли охир бо баҳои аъло таҳсил кардаанд, ба унвони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.
Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардида, марҳилаи ниҳоии он аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






