Лагерҳои тобистона дар Бадахшон ба қабули 2 ҳазор нафар истироҳаткунанда омода ҳастанд

Июль 3, 2018 16:57

ХОРУҒ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Дар мавсими имсола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2 ҳазор нафар кӯдакону наврасон дар лагерҳои тобистона дам мегиранд.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Алигавҳар Алигавҳаров ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки «дар ҳудуди вилоят 10 лагери тобистона мавҷуданд ва онҳо ҳамасола қабл аз қабули хонандагон мавриди санҷиши ҳайати комиссияи махсус, иборат аз кормандони соҳаи маориф, хадамоти оташнишонӣ, маркази санитарию эпедимологӣ қарор мегиранд. Барои як қисми ин ин лагерҳо шуъбаҳои маориф ва қисми дигар, кумитаи иттифоқҳои касаба, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағ ҷудо кардаанд. Санҷиш нишон дод, ки лагерҳои «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон, «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз, «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ ва «Маърифат»-и ноҳияи Рӯшон ба мавсими имсола омодагии бештар дидаанд».

Мутобиқи нақша, кӯдакону наврасон дар баробари истироҳат ва сайру саёҳат, ҳамчунин ба дарсҳои «Ахлоқу маърифат» ҷалб карда мешаванд. Дар ин дарсҳо ба онҳо тарзи дурусти баҳсу мунозира оид ба ин ё он мавзӯъ, муомилаву муошират бо калонсолон, аҳамияти донишомӯзиро ёд медиҳанд. Ин гуна дарсҳоро бо кӯдакону наврасон  донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат  мегузаронанд.

Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, як гурӯҳ кӯдакону наврасон бо кумаки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар лагерҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари мамлакат истироҳат мекунанд.

Июль 3, 2018 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад