Лоиҳаҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи мо дар якчанд озмунҳои ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуд ва ду лоиҳаи пешниҳоднамудаамон, ки яке «Низоми менеҷменти сифат» ва дигаре «Механизми ҳавасмандгардонии духтарон барои гирифтани маълумоти олӣ» унвон дошт, дастгирӣ ёфтанд. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров баён гардид.
Ҳ.Фақеров ҳамчунин иброз намуд, ки лоиҳаҳои мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ мешаванд ва аз моҳи сентябри соли 2018 татбиқи онҳо оғоз меёбад. Маблағи умумии лоиҳаҳои тадбиқшаванда қариб 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин гуфта шуд, ки мақсади иштирок дар ин озмунҳо тақвияти табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, таҳияи низоми менеҷменти сифат ва болоравии эътибори донишгоҳ мебошад.
Зикр гардид, ки донишгоҳ дар барномаи Эрамус+ иштирок намуда, ҳамоҳангсози лоиҳаи PAWER дар ҷумҳурӣ дониста мешавад. Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкории худро бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Федератсияи Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия дар доираи созишномаҳои баимзорасида ва барномаи байналмилалии Эрамус+ хуб ба роҳ мондааст.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






