Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 133 адад трактор дастрас намуд

Июль 16, 2018 15:32

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади сари вақт анҷом додани кишту кор ва ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироати хӯроки чорво Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар асоси дархост ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 8 адад комбайни ғалладаравӣ, 133 адад тракторҳо, 32 адад ғаллакӯбаки истеҳсоли ватанӣ, 10 адад таҷҳизот барои ҷамъоварии хӯроки чорво, 190 адад алафдаравакҳои гуногун ва дигар намуди техника ва мошинолот дастрас намуд.

Ин нуктаро имрӯз директори Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.

Ҳамчунин ба иттилои номбурда, аз сабаби гарм омадани ҳаво, хусусан дар ҷануби кишвар дар чарогоҳҳо хушкшавии алафҳо ба назар расид.

Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар самти беҳтар намудани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво хонаводаҳои эҳтиёҷманди ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳои ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлонро бо 109,7 тонна тухмии зироати хӯроки чорво ва 593 тонна нуриҳои миниералӣ таъмин намуд.

Июль 16, 2018 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд