Марказҳои таҳлилии мамлакатҳои минтақа ҳавасманди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ мебошанд
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) бо марказҳои таҳлилии мамлакатҳои зиёди олам робитаҳои хуби дуҷониба дорад. Дар нимсолаи аввали соли 2018 теъдоди давлатҳое, ки мехоҳанд бо ин марказ муносибат ва ҳамкории худро бештар кунанд, хеле афзуд. Ин нуктаро имрӯз, 30 июл Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар нишасти матбуотӣ, ки дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, ба хабарнигорон баён дошт.
Номбурда зикр кард, ки «танҳо аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ду маркази иттилоотӣ омодагӣ нишон доданд, ки бо маркази мо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Соли равон мо Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байни минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба имзо расонидем. Инчунин дар назар аст, ки соли равон Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расад».
Зикр шуд, ки марказҳои таҳлилии мамлакатҳои минтақа ҳавасманди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз МТС бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Марказ фаъолияташро ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии ҷумҳурӣ бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






