Маркази миллии қонунгузорӣ: «Тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар ҳоли нашр аст»

Июль 23, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳо, китобҳо ва тафсири як қатор қонунҳои амалкунандаро барои кормандони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ нашр намуданд.  

Муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Баҳриддинзода 23 июл дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони марказ китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир» (қисми 5),  тафсирҳои  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» таҳия ва чоп гардиданд.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки нашри тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва тафсири Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи анҷом қарор доранд.

Инчунин дар ин давра 130 адад мақолаҳои илмии кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, ду шумораи маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ — «Қонунгузорӣ» ба нашр расид.

Бояд тазаккур дод, ки маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» моҳи майи соли равон ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандае, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм ба чоп расонида шаванд, ворид карда шуд.

 

Июль 23, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад