Миёни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Коллеҷи политехникии Рязан созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе миёни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Муассисаи давлатии буҷавии таълимӣ—касбии Коллеҷи политехникии Рязан оид ба омодасозии мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишнома баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими баимзорасии созишномаи мазкур муовини якуми Вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев, намояндагони сардорони раёсатҳои ин ниҳод, намояндагони Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, инчунин сардори раёсати Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Рязан Александр Лошинин, ҳамоҳангсози барномаи «Россотрудничества» Никита Биховский, муовини директор оид ба соҳаи таълимӣ-истеҳсолии Коллеҷи политехникии Рязан Владимир Мантсев ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот сардори раёсати Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Рязан Александр Лошинин иброз намуд, ки муассисаҳои таълимии вилояти Рязан дар самти маориф мутахассисони хуб омода месозанд ва шароити таҳсил дар онҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Намояндаи Коллеҷи политехникии Рязан Владимир Мантсев дастовардҳои муассисаро вобаста ба шароити таҳсил тавассути наворҳо муаррифӣ намуд.
Дар охир маросими баимзорасии созишнома байни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Муассисаи давлатии буҷавии таълимӣ-касбии Коллеҷи политехникии Рязан оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодасозии мутахассисон, табодули таҷриба, такмили ихтисос, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ширкат дар иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳои минтақавӣ ва грантҳои байналхалқӣ баргузор гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






