МО БАДАХШОН МЕРАВЕМ! Ҷавонони фаъоли мамлакат барои иштирок дар Форуми ҷумҳуриявӣ ба Хоруғ сафар карданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 20 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР, ки иштирокчии форуми мазкур аст, гузориш медиҳад.
Субҳи имрӯз, 16 июл зимни ҷамъомади пеш аз сафар раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки «ин иқдом ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шуд. Мақсади сафарбаркунии ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ ва муттаҳидӣ байни ин қишри ҷомеа мебошад».
Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар Форуми ҷумҳуриявӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун: гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, санъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли кишвар ширкат доранд.
Дар доираи ин сафар ҷавонон аз мавзеъҳои таърихию мадании шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дидан менамоянд. Инчунин баргузории аксияҳои гуногуни тарғиботӣ — ташвиқотӣ, аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд ва барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






