«МО ТАРАФДОРИ СОЛИМӢ». Дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи маърифатию иттилоотӣ баргузор мегардад

Июль 24, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 июл бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи  маърифатию иттилоотӣ баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур «Мо тарафдори солимӣ» ном дошта, он бо мақсади пешгирииҷавонону наврасон ва аҳолиии кишвар аз бемориҳои ВНМО/ БПМН роҳандозӣ шудааст.

Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши «Мо тарафдори солимӣ» аз се қисмат иборат мебошад. Дар қисмати аввал мутахассисони соҳа тренинги омӯзиширо бо фарогирии васеи ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳри Душанбе доир менамоянд. Дар қисмати дуюм аксияи иттилоотӣ – тарғиботӣ бо тақсим намудани маводи тарғиботӣ баргузор мегардад.

Қисмати сеюми чорабинӣ аз намоиш додани филми тарғиботӣ — ташвиқотӣ иборат мебошад.

Ҳамоиши «Мо тарафдори солимӣ» соати 19:30 оғоз меёбад.

Июль 24, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд