Муҳаммадӣ Латипов дар Лос-Анҷелеси Амрико соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадӣ Латипов дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар ИМА сазовори медали нуқра гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, 30 июн дар шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо доир гардид, ки дар он паҳлавони тоҷик Муҳаммадӣ Латифов медали нуқра ба даст овард.
Муҳаммадӣ Латифов се ҳарифашро мағлуб намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт, вале дар финал бо имтиёзи андак мағлуб гардид. Ин паҳлавони тоҷик солҳои зиёд дар Тоҷикистон зери роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов тамрин мекард.
Ӯ соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри Амстердами Ҳолланд сазовори медали биринҷӣ гардида буд.
М. Латифов ҳоло дар клуби варзишии “Кенианс”-и Амрико таҳти роҳбарии мураббии шоиста Арам Гукасияни арманӣ тамрин мекунад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






