Мудири кулли Кумитаи танзими кумакҳои хайриявии Давлати Қатар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 24 июл ҳайати Давлати Қатар таҳти роҳбарии Мудири кулли Кумитаи танзими кумакҳои хайриявӣ Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Меҳмонон 25 июл дар доираи сафари корӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро директори Осорхонаи миллӣ Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол намуданд.
Тавре сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ба меҳмонон аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ дар сатҳи баланди касбӣ бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ба анҷом расид.
Меҳмонон тавассути толорҳои нигоравии Осорхона бо таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик аз низдик шинос гашта, Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати мазкур то 29 июл идома меёбад.










Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






